Фурӯши як хона ба чанд нафар. Боздошти як мард дар Душанбе
Мақомоти шаҳри Душанбе мардеро боздошт кардааст, ки ба фурӯши як манзили истиқоматӣ ба чанд нафар гумонбар дониста мешавад.
Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шахси боздоштшуда Аҳмад Абдулҳаев буда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт ва ба қаллобӣ гумонбар аст.
Ба гуфтаи манбаъ, Абдулҳаев як манзили истиқоматиро ба чанд шаҳрванди кишвар, ҳар кадоме бо маблағи 200 ҳазор сомонӣ ба фурӯш гузошта, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати худ сарф намудааст.
Мақомот мегӯянд, ки ӯ қаблан низ бо ҷурми қаллобӣ суд шудааст. Айни замон Аҳмад Абдулҳаев дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ