Футбол: Ҳисоби мусовии бозии дӯстонаи Тоҷикистону Русия

Дирӯз дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бозии дӯстона миёни тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Русия доир гардид. Ҳисоби бозӣ 0:0 анҷом ёфт.

Дар майдони варзишӣ 20 ҳазор тамошобин ҳозир буданд. Бозиро довар аз Ӯзбекистон Илгиз Танташев доварӣ кард.

Бо ҳисоби мусовӣ анҷом ёфтани ин бозӣ ҳарчанд дӯстона ҳам бошад, барои тими миллии мо як қаҳрамонӣ аст, чунки дастаи футболи Русия яке аз дастаҳои пурқувват ба шумор рафта, дар рейтинги ҷаҳонӣ дар ҷойи 33-юм меистад. Тоҷикистон бошад, дар рейтинги ҷаҳонӣ мавқеи 108-умро соҳиб аст.

Аз тими Тоҷикистон Рустам Ятимов, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷурабоев, Муҳаммаҷон Раҳимов (Алишер Ҷалилов, 57), Шервони Мабатшоев (Алиҷон Кароматуллозода, 90+4), Эҳсони Панҷшанбе, Парвизҷон Умарбоев (Меҳрубон Каримов, 90+4), Манучеҳр Ҷалилов (Шаҳром Самиев, 77) бозӣ карданд.

Бозингари беҳтарини тими тоҷикистон Ваҳдат Ҳанонов дониста шуд. Бозӣ дар фазои дӯстона сипарӣ гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *