Футболбози 18-сола чӣ тавр ҳалок гардид?

Тавре сомонаи «Ленте.ру» иттилоъ медиҳад, ҷузъиёти марги футболбози 18-солаи бошгоҳи футболи «Локомотив»-и Маскав Алексей Ломакин маълум шуда истодааст.
Дар ин бора манбаъ аз мақомоти ҳуқуқии шаҳри Маскав хабар доданд. «Дар вақти аз назар гузаронидани ҷойи воқеа навораи камераи назоратӣ ошкор гардид. Дар навори камера аз 2 декабр дида мешавад, ки тахмин соати 5:30 Алексей калавида-калавида ба соҳил рафта истода, баъд аз ҷаримаи на он қадар калон поин меафтад. Дар ин лаҳза бо ӯ касе набуд», — гуфтааст манбаъ ба нашрия. Бино бар гуфтаи манбаъ то ҳанӯз сабаби аслии марги Ломакин аниқ карда нашудааст. Ҳангоми афтидан аз ҷарима футболбозро як пояш шикаста, баъзе ҷойҳои баданаш харош хӯрдааст.
3 декабр ҷасади Ломакини гумшударо дар ҷануби Маскав пайдо карданд. Ӯро модараш ҷустучӯ менамуд. Вай ба пулис хабар додаст, ки 30 ноябр писараш барои муолиҷа ба маркази тиббии бошгоҳ мерафт. Варзишгар шаб дар он ҷо монда, пас аз ин бо ӯ алоқа канда шуд. Телефонашро 2 декабр аз мошини такси пайдо намуданд. Инчунин модараш рӯшан кард, ки Ломакин бо як рафиқаш машрубот нӯшидааст.
Бинобар фарзияи дигар, Ломакини беёд бар асари хунукизанӣ мурдааст.
Алексей Ломакин бори охир ба майдон моҳи сентябри соли 2018 баромада, дар ҳайати дастаи ҷавонони «Локомотив» бар зидди «Динамо» бозида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *