Футзал: 30 голи «Равшан» ба дарвозаи алоқачиён

Бинобар иттилои сомонаи ФФТ, дар бозии даври навбатии чемпионати Тоҷикистон оид ба футзали касбӣ, ки дирӯз баргузор шуд, дастаи «Равшан»   ба дарвозаи дастаи «Хадамоти алоқа» 30 тӯб ворид карда,  ба дарвозаи худ ҳамагӣ 1 тӯб гузаронд.

Футзалбозони тими  «Садовой» «Самандар»-ро – 14:7 мағлуб сохтанд. Дар бозии дигари мавқуфмонда дастаи  «Равшан» бар «Самандар» – 6:5 дастболо шуд.

Вохӯрии байни дастаҳои «Cипар»  ва «Самандар» бо ҷурми ба бозӣ наомадани охирин баргузор нашуд. Аз ин рӯ, ба «Самандар» бо ҳисоби 0:5 бохти техникӣ навишта шуд.

Мавқеи дастаҳо баъд аз 9 давр чунин аст: 

  Б Ғ М Б Т/т    Х
1 «Равшан» (Кӯлоб) 8 6 1 1 86-27   19
2 «Сипар» (Хуҷанд) 8 6 1 1 64-24   19
3 «ДИСИ Инвест» (Душанбе) 6 6 0 0 41-10   18
4 «Соро компания» (Душанбе) 8 5 0 3 50-27   15
5 «Садовая» (Истаравшан) 8 4 0 4 67-53   12
6 «Самандар» (Турсунзода) 10 2 0 8 37-80    6
7 «Сино» (Душанбе) 8 2 0 6 28-74    6
8 «Хадамоти алоқа» (Душанбе) 8 0 0 8 19-97    0

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *