Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар рақамҳо
Соли гузашта гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 8900, 9 миллион доллар ташкил додааст.
Ба гуфтаи Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумрук, воридоти мол дар ин давра ба беш аз 6977,5 миллион доллар ва содирот ба 1923,4 миллион доллар баробар шудааст.
Содироти мол аз Тоҷикистон дар соли 2024 15% афзоиш ёфт ва ба 109,2 миллион доллар расид.
Маҳсулоти асосии содиротӣ:
-маъданҳо ва консентратҳо: 466,7 миллион доллар;
-алюминийи коркарднашуда: 183,6 миллион доллар;
-нахи пахта: 170,1 миллион доллар;
-нерӯи барқ: 89,9 миллион доллар;
-маҳсулоти меваю сабзавот: 50,3 миллион доллар.
Содироти мол аз рӯи кишварҳо:
-Чин – 96,9 млн доллар;
-Ҳолланд – 110,5 млн доллар;
-Туркия – 73,7 млн доллар;
-Эрон – 14,8 млн доллар;
-Афғонистон – 27,4 млн доллар;
-Покистон – 13,2 млн доллар афзоиш ёфта
-Швейтсария – 762,6 млн доллар
-Қазоқистон – 57,2 млн доллар
-Русия – 28,4 млн доллар
-Узбекистон – 8,5 млн доллар
-Беларус – 1,3 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Воридоти мол ба Тоҷикистон (2024)
Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ ҳаҷми воридоти мол ба Тоҷикистон афзуд, ки дар бахшҳои гуногун бо тағйирот ба назар мерасанд:
-маҳсулоти нафтӣ – 12,2% ё 829,4 млн доллар;
-воситаҳои нақлиёти сабукрав – 39,8% ё 31028 адад
-равғани растанӣ – 9,0% ё 9593 тонна
-гази моеъ – 10,3% ё 42296 тонна коҳиш ёфта
-орд -19,7% ё 11175 тонна
-маҳсулоти нафтӣ – 16,8% ё 151199 тонна
-чӯбу тахта – 24,6% ё 88777 афзоиш ёфтааст.
Воридоти мол аз рӯи кишварҳо:
Нисбат ба соли 2023 воридоти мол аз
-Чин – 356,4 млн доллар
-Русия – 304,5 млн доллар
-Қазоқистон – 202,9 млн доллар
-Швейтсария – 163,1 млн доллар
-Эрон – 108,4 млн доллар
-Беларус – 80,0 млн доллар
-Кореяи Ҷанубӣ – 31,9 млн доллар
-Узбекистон – 27,0 млн доллар
-Туркия – 8,9 млн доллар афзоиш ёфта
-Олмон – 85,1 млн доллар
-Япония – 89,6 млн доллар
-Америка – 68,8 млн доллар
-Туркманистон – 3,9 млн доллар
-Ҳиндустон – 2,6 млн доллар
-Аргентина – 2,6 млн доллар
-Покистон – 7,8 млн доллар
-Полша- 3,2 млн доллар
-Литва – 1,6 млн доллар коҳиш ёфтааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ