китобхонаи миллӣ

Гардиши тиҷорати Тоҷикистону Озарбойҷон маълум шуд

Гардиши тиҷорат байни Тоҷикистону Озарбойҷон соли гузашта ба 6,4 млн доллар баробар шуд.

Ин омор дар Форуми сармоягузории Тоҷикистону Озарбойҷон садо дод. Форуми сармоягузории ду кишвар дар ҳошияи сафари Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар асоси омори гумрукӣ, аз ҳаҷми умумии додугирифт наздики 6 млн доллар ба воридоти коло аз Озарбойҷон ба Тоҷикистон рост омада, зиёда аз 400 ҳазор долларро содирот ташкил медиҳад. Дар форум зикр гардидааст, ки ду кишвар барои боло бурдани нишондиҳандаҳои тиҷорати мутақобила ва транзити коло имконоти бузург доранд.

Ҳамин тариқ, намояндагони 36 ширкати бузурги Озарбойҷон ба чорабинии b2b омаданд.

Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон 5-уми апрел оғоз гардида, дар доираи он музокирот бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон ва имзои як қатор санадҳо дар назар мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *