Газ омаду газ омад

Шуруъ аз давраи гармидиҳӣ ки ба рӯзҳои аввали моҳи ноябр рост меояд, Маркази барқу кармидиҳии Душанбе-1 баъди чандин соли аз фаъолият боз монданаш, дубора ба кор шуруъ мекунад. Дар ин бора ба мо аз Ҳукумати Ҷумҳурӣ хабар доданд.

Мувофиқи иттилои мазкур, баробари Маркази барқу кармидиҳии Душанбе-1, ҳамчунин деги буғии “Шарқӣ” ва “Ғарбӣ” низ ба кор шуруъ хоҳад кард. Ин марказҳо бо истифода аз гази Узбекистон фаъолияташонро оғоз менамоянд.

“Шартнома дар хусуси интиқоли гази Узбекистон, барои истифодаи Маркази барқу кармидиҳии Душанбе-1, ба имзо расидааст. Саравал бо омадани газ аз Узбекистон, ки тӯли 10 сол қатъ шуда буд, Маркази барқу кармидиҳии Душанбе-1, ба кор шуруъ мекунад. Он ҳам барқ ва ҳам гармӣ медиҳад. Дар ин маврид истифодабарии барқ дар пойтахт поён мефарояд”-иброз дошт манбаъ

Иқтидори умимии Маркази барқу кармидиҳии Душанбе-1  198 МВт-ро ташкил медиҳад. Он соли 1957 сохта ба истифода дода шуда буд.      Корхонаи мазкур асосан бо истифодаи гази табии кор мекард, аммо баъди қатъ гаштани интиқоли газ аз Узбекистон, марказ бо воситаи сузишвории равғанӣ (мазут) фаъолият менамуд.

.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *