Газу бензин арзон мешавад. Сабабҳои аслӣ кадоманд?
Дар Тоҷикистон чанд рӯзи охир тамоюли назарраси поёнравии нархи бензину гази моеъ мушоҳида мешавад. Чанд ҳафта нархи бензини маъмули АИ-92 ҳудуди 10,5-11 сомонӣ барои як литр буд. Ҳоло он ба 9,5 сомонӣ поён рафтааст. Нархи бензини АИ-95 низ аз 11 сомонӣ то 9,9 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Дар баробари ин, арзиши гази моеъ қариб 1 сомонӣ кам шудааст
Сабабҳои аслӣ кадоманд?
Аввал, коршиносон инро ба поёнравии қурби доллар нисбат ба сомонӣ вобаста медонанд. Зеро ҳоло 100 доллар расман ба ҳудуди 980-990 сомонӣ баробар аст. Нисбат ба як моҳ пеш ин тақрибан 100-120 сомонӣ кам аст. Ин коҳишро нишон медиҳад. Аслан, Тоҷикистон маводи сӯзишворӣ, махсусан бензин ва гази моеъро бо доллар ворид мекунад. Ин арзоншавии доллар метавонад хариди молро барои ширкатҳои воридкунанда осонтар намояд.
Дуюм, тағйироти мавсимӣ низ дар арзиши бензин таъсири худро дорад. Дар фасли зимистон ва дар охири мавсими киштукор талабот ба сӯзишворӣ коҳиш меёбад, ки ин ба поёнравии нархҳо мусоидат мекунад.
Сеюм, беш аз 80% маҳсулоти нафтӣ аз Русия ва 90% гази моеъ аз Қазоқистон ворид мешавад. Қурби рубл нисбат ба сомонӣ дар солҳои охир паст рафтааст.
Бозор ва ширкатҳои воридкунанда
Ширкати “Газпромнефт-Тоҷикистон” ҳудуди 45%-и бозори бензин ва дизелро таҳти назорат дорад. Ин маънои онро дорад, ки тағйироти сиёсӣ ё иқтисодӣ дар ин ширкат метавонад ба тамоми бозор таъсир расонад. Қисми боқимондаи бозор байни чанд ширкат тақсим шудааст, ки ҳар кадом саҳми муайян доранд.
Мувофиқи маълумоти Хадамоти гумрук, аз оғози соли 2025 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 117,4 млн доллар зиёда аз 154 ҳазор тонна бензини навъи АИ-92 ворид шудааст. Дар давоми тамоми соли 2024 ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 829,4 млн доллар 1 млн 52,2 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ интиқол дода шудааст.
Бо вуҷуди чунин поёнравии нархи сӯзишворӣ, Тоҷикистон ба воридоти газу бензин аз берун пурра вобаста аст. Ҳар гуна тағйироти шадид дар қурби доллар ё рубл метавонад зуд ба нархи бензин ва газ таъсир расонад. Дар маҷмӯъ, поёнравии нархи бензин ва гази моеъ дар Тоҷикистон то андозае ба вазъи иқтисодӣ, қурби асъор ва тамоюли мавсимӣ вобаста аст. Ин раванд метавонад барои истеъмолкунандагон муфид бошад, аммо эҳтиёт бояд кард, ки оянда бо сабаби таъсири омилҳои беруна нархҳо боз тағйир ёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ