Гиромидошти 79-солагии Аҳмад Зоҳир дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 79- солагии овозхони Шарқ – Аҳмад Зоҳир маҳфили илмӣ ва фарҳангӣ-ҳунарӣ таҳти унвони «Садои дӯстӣ ва қаламрави ҳамбастагӣ» баргузор шуд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Афғонистон роҳандозӣ шуд.
Нахуст, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Хушвақтзода Қобилҷон суханронӣ намуда, иброз дошт, ки: «Ҳунар ва мусиқӣ дар фарҳангу маънавиёти мардуми тоҷик мақоми воло доранд. Миллати мо дар тӯли таърих чеҳраҳои барҷастаи ҳунару адабро ба ҷаҳониён пешниҳод кардааст. Аҳмад Зоҳир яке аз он чеҳраҳои дурахшоне мебошад, ки бо овоз ва эҳсоси инсонпарваронааш дили ҳазорон дӯстдорони ҳунарро тасхир намудааст».




Сипас, як қатор олимону муҳаққиқон ва аҳли ҳунар, аз ҷумла профессор Аслиддин Низомов, ҳунарманди мардумӣ Мастона Эргашева, навозандаи маъруфи гурӯҳи Аҳмад Зоҳир – Қосимӣ ва дигар шахсиятҳои шинохтаи илмиву фарҳангӣ суханронӣ намуданд. Онҳо дар бораи нақши Аҳмад Зоҳир дар густариши фарҳанги мусиқии форсӣ, забондорӣ, ва нақши ӯ дар таҳкими дӯстии мардумони тоҷику афғон андешаҳои худро баён карданд.
Ҳамчунин, дар доираи маҳфил барномаи консертии кӯтоҳ бо иҷрои сурудҳои машҳури Аҳмад Зоҳир аз ҷониби ҳунармандони ҷавон ва навозандагони касбӣ баргузор гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ