Нархи телефону смартфонҳо дар Тоҷикистон боло меравад?
Нархи телефонҳои мобилӣ ва смартфонҳо дар бозори Тоҷикистон аз моҳи июли соли равон афзоиш ёбад. Сабаби аслии ин тағйирот, 20 фоиз ҷорӣ шудани боҷи гумрукӣ барои воридоти телефонҳои мобилӣ ва смартфонҳо мебошад.
Дар асоси қарори нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба тасвиб расидааст, аз 1 июли соли 2025 меъёри боҷи гумрукии воридотӣ барои телефонҳои мобилӣ ва ҳушманд 20% муқаррар карда мешавад. То имрӯз ин нишондиҳанда ба сифр баробар буд ва ширкатҳои воридкунанда аз пардохти боҷи гумрукӣ озод буданд.
Тибқи иттилои расмӣ, ин қарор бо мақсади танзими бозори воридот ва афзоиши даромади буҷет қабул шудааст. Бо вуҷуди ин, эҳтимол ба болоравии нархи телефонҳо ва маҳдуд шудани дастрасии мардум ба технологияҳои муосир сабаб шавад.
Ёдовар мешавем, ки Ҳукумати кишвар аз июли соли 2024 имтиёзҳои гумрукиро барои воридоти телефонҳо бекор карда буд ва акнун боҷи расмии 20% татбиқ хоҳад шуд. Ин иқдом ба эҳтимоли зиёд хароҷоти тоҷирон ва ширкатҳои воридотиро зиёд карда, боиси афзоиши нархҳо дар бозори дохилӣ мегардад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ