Гумон: пешхизмати “Яккачинор” “Самсунг А-51”-ро дуздид
Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти ҷавонзани 25-солаи сокини шаҳри Душанбе, пешхизмати тарабхонаи “Яккачинор” хабар дод, ки бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Дар хабар омадааст, ки номбурда, рӯзи 7-уми июни соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар тарабхонаи “Яккачинор” қарор доштанаш бо роҳи пинҳонӣ аз рӯи миз телефони мобилии тамғаи “Самсунг А-51”, ки ба ҷавонзани 24-солаи сокини пойтахт тааллуқ дорад, дуздида аз ҷойи ҳоиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 3 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ