Гумонбарони кушторҳои пурсарусадои Конибодом ба ҳукми абад маҳкум шудаанд
4 гумонбари кушторҳои пурсарусадои Конибодом ба ҳукми абад маҳкум шудаанд. Дар ин бора Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Конибодом имрӯз дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зоҳидзода дақиқан нагуфт, ки ҳукм кай содир шудааст, танҳо афзуд, тафтишот идома дорад.
Диловар Ализода, нозири калони гуруҳи таҳлилӣ-назоратии ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом дар робита ба силсилакушторҳо дар шаҳр гуфт, ки 2 шаҳрванди Қирғизистон низ дар кофтукоби расмӣ қарор доранд.
Бояд гуфт, ки рӯзи 21-уми декабри соли 2024, баъди қариб 9 моҳи оғози кушторҳои мармузи аъзои чанд оила дар Конибодом, Додситонии кулли кишвар бо нашри як иттилоия гуфт, ки “ҷинояти кушторҳо дар шаҳри Конибодом кушода шуда”, дар робита ба ин ҳодиса нафарони зерин ҳамчун гумонбар боздошт ва нисбаташон парванда боз гардидааст:
Худойбердиев Солехҷон Набиевичи 26-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;
Тухтаев Аҳадҷон Насибҷоновичи 27-сола, сокини ҷамоати деҳоти Фирӯзоба, деҳаи Гулбоғи шаҳри Конибодом;
Равшанов Бахтиёри 36-сола, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ, деҳаи Санҷидзори шаҳри Конибодом;
Одилов Манучеҳр Солиҷоновичи 28-сола, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, кӯчаи М.Абдуллоеви шаҳри Конибодом
Ёдовар мешавем, ки соли 2024 дар Конибодом 7 куштори гурӯҳӣ рух дода, наздики 25 нафар ба таври мармуз кушта шуданд. Аз ин шумора 8 нафар ноболиғ буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ