Гуруҳе аз муҳоҷирони тоҷикро ба қаламрави Русия роҳ надоданд

Гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва банд монда буданд, ба Душанбе фиристода шуданд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар медиҳад, ки сабаби банд мондани шаҳрвандони кишвар  шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия аст.

Мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москваро Сафорати Тоҷикистон дар Русия пайгирӣ карда, чунин маълумот додааст: «Сафорат масъалаи марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Москва дармондаанд, мавриди пайгирию назорат қарор додааст. Кормандони Сафорат вобаста ба масъалаи мазкур бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қаламрави Федератсияи Россия овардаанд, гуфтушунид анҷом дод. Дар натиҷа то 3 январи соли 2022 қисми зиёди ин шаҳрвандон ба Ватан баргардонида шуданд. Масъалаи баргардонидани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Федератсияи Россия қарор дорад.

Сафорат аз тамоми шаҳрвандони кишвар хоҳиш намудааст, ки минбаъд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насабашонро дар Ватан барои иҷозати вуруд тафтиш намоянд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.