Гутерреш ба ҳайси сарвари СММ қасам хурд

Антониу Гутерреш, сарвазири собиқи Португалия, ба ҳайси дабири кулли 9-уми Созмони Милали Муттаҳид дасташро болои Оинномаи созмон гузошта, дар назди 193 узви Маҷмаи умумӣ қасам ёд кард.

Гутерреши 67-сола рӯзи 1 январи соли равон дар ин мақом Бан Ки Муни 72-соларо, ки баъд аз ду давраи раҳбарӣ ба истеъфо меравад, иваз хоҳад кард. Гутерреш аз соли 1995 то 2002 сарвазирии Португалия ва аз соли 2005 то 2015 Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон буд. Дар таърихи 71-солаи СММ бори нахуст аст, ки як зодаи Португалия раҳбарии онро ба зимма мегирад. Таҷрибаи сарвазирӣ ва раҳбарии ниҳоди марбут ба паноҳандагон ба ӯ миёни 13 номзад афзалият бахшид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *