Хабарнигори тоҷик бо дастгирии шаҳрдори Бохтар ҷарроҳӣ шуд
Бо мусоидати Абдулмаҷид Муминзод, шаҳрдори Бохтар сармуҳаррири ҳафтаномаи шаҳрии “Набзи Бохтар” ҷарроҳӣ шуд.
Рустам Сафаров, сармуҳаррири ҳафтаномаи мавриди назар чанд сол аст, ки аз бемории коксартроз ранҷ мекашид.
Ӯ дар суҳбат бо Pressa.tj афзуд, ки дар бештар аз як сол ду маротиба ҷарроҳӣ кардааст. Ӯ мегӯяд, ҷарроҳии аввал бо кумаки дӯстону наздикон ва ҷарроҳии дувум бо мусоидати шаҳрдори Бохтар гузаронида шуд.
“Барои ду ҷарроҳӣ каму беш 70 ҳазор сомонӣ хароҷот кардаем”, — афзуд вай.
Абдулмаҷид Муминзод, раиси шаҳри Бохтар дар нишасти матбуотӣ ваъдаи кӯмак барои ҷарроҳии Рустам Сафаров, сармуҳаррири ҳафтаномаи шаҳрии “Набзи Бохтар” карда буд. Пешниҳоди мусоидат дар ҷарроҳӣ аз сӯи хабарнигорон шуда буд.
Рустам Сафаров баъди ҷарроҳӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон” ҳолаташ хуб аст ва феълан аз беморхона рухсат шудааст. Ӯ чанд сол аз бемории коксартроз ранҷ кашидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ