Хайринисо Расулӣ: Аввал касб, баъд шикам!

«Ҷомеа аз се қисм иборат аст: мағзи сар, сандуқи сина ва шикам. Вақте сухан дар бораи роҳбарӣ меравад, пеш аз ҳама бояд мағзи сар, яъне андеша ва дониш авлавият дошта бошад. Сандуқи сина, ки рамзи муҳофизону ниҳодҳои назоратӣ аст, нақши худро дорад ва шикам, ҳамчун рамзи эҳтиёҷоти моддӣ низ муҳим аст. Аммо журналист мағзи ҷомеа аст, зеро бо фикр ва сухани худ ҷаҳонбинии мардумро ташаккул медиҳад»,- мегӯяд рӯзноманигори шинохта Хайринисо Расулӣ, ки ин ҳафта хабарнигори Pressa.tj ба аёдаташ рафта буд.

Имрӯзҳо ба чӣ кор машғул ҳастед?

Дар хидмати набераҳо ҳастам. Пас аз соли 2015, ки ба нафақа баромадам, вақтамро бештар барои таълиму тарбияи онҳо   мегузаронам. Дар ҷавонӣ чун аз паси кор будам, ба воя расидани фарзандонамро эҳсос накардам. Бинобар ин, мекӯшам дар тарбияи набераҳо саҳм гузорам. Вале камтар бароям вақт тангӣ мекунад. Субҳу шомро ҳис намекунам, рӯзҳо тез мегузаранд. Ба ҳар ҳол бекор ҳам набудам. Китоби “Таърихи забони форсӣ”-и Ҳомариро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардам. Ҳоло ба Академияи миллии илмҳо супоридам. Агар ба чоп расад, бовар дорам барои насли ҷавон муфид хоҳад буд. Ҳамин аст машғулияти ин рӯзҳои ман. Ба сомонаҳо медароям, аз рӯйдодҳои охир хабар мегирам, вале мутаассифона дар деги журналистика намеҷӯшам.

Чӣ сабаб шуд, ки пешаи журналистиро интихоб кардед?

Сабаби рӯзноманигор шудани ман як воқеаи тасодуфӣ буд. Вақте ҳамроҳи шавҳарам ба Душанбе омадем, дар хобгоҳ зиндагӣ мекардем. Ҳамсояамон, ки хабарнигори рӯзномаи «Вечерний Душанбе» буд, чанд матлабашро барои тарҷума ба ман дод. Ман бо шавқ онҳоро аз русӣ ба тоҷикӣ гардондам. Ӯ пас аз хондани тарҷумаҳо гуфт, ки қалами хуб дорам ва маро ташвиқ кард, ки дар матбуот худро бисанҷам. Бо маслиҳати ӯ ба идораи рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» рафтам. Аввал чанд матлаб пешниҳод кардам, ки дертар чоп шуданд. Ҳамин тавр, ман худро дар ин касб ёфтам ва рӯзноманигорӣ шуғли якумраи ман шуд.

Шумо солҳои зиёд дар матбуот фаъолият кардаед. Дар оғози фаъолияти худ бо кадом мушкилот рӯ ба рӯ мешудед?

Оғози ҳар роҳ мушкилоти худро дорад. Ҳангоми шурӯи кори журналистӣ, яке аз монеаҳои асосӣ пайдо кардани ҷойи кор ва чоп шудани матлабҳо буд. Дар аввал, ҳатто вақте ки ба редаксияҳо мақола мебурдам, онҳо маро ташвиқ мекарданд. Вале аз чӣ бошад, ки чоп намешуд. Баъд ман ҳар бор ба худ мегуфтам, ки ин бори охир аст, ки мақола менависаму ба дари редаксия меоям. Бо вуҷуди ин, ман идома додам, пайи ҳам матлаб менавиштам ва пас аз як моҳи кӯшиш, аввалин маводи ман дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ба табъ расид. Ин барои ман як лаҳзаи хотирмон буд, ки гӯё ҳис кардам барои ин касб зода шудаам. Гарчанде аз хурдӣ падарам мегуфтанд, ки ин касб барои духтар нест. Ва ҳатто ман дар аввал пешаи омӯзгориро ба худ гирифтам, вале шавқам нагузошт дар ин самт фаъолият дошта бошам.

Фикр мекунед барои як духтар инхоби касби ояндааш ба ихтиёри худаш бошад, хуб аст ё волидон?

— Тавре гуфтам, ман ихтисосамро бо тавсияи волидон интихоб кардам, вале бо вуҷуди ин боз ба сӯи шавқу ҳаваси худ рафтам. Аз ин рӯ, мегӯям, ки бигзор худи онҳо интихоби озод дошта бошанд. Ман як духтар ва ду писар дорам, онҳоро озод гузоштам. Ҳамаашон ба самти илмҳои дақиқ рафтанд. Як писарам дар хурдиаш кам-кам шоирӣ мекард, вале дар синфҳои болоӣ дигар ба ин самт майл накард. Шукр, ки имрӯз ҳамаашон соҳиби кору оилаи солим ҳастанд. Ман ҳам чун ба ихтиёри худ ба журналистика рӯ овардам, фикр мекунам ҳамин боис гардид, ки ҳеҷ гоҳ аз ин самт дилгир нашудам. Дӯст доштам ва то тавони охир талош кардам барои хонандаам чизе дода тавонам.

Шумо дар тӯли фаъолияти худ бо шахсиятҳои бузурги илму адаб ва сиёсат ҳамсуҳбат шудаед. Кадом мулоқот ё мусоҳиба бароятон хотирмонтар аст?

Бале, дар тӯли фаъолиятам бо афроди зиёде ҳамсуҳбат шудаам, ки як сухан ё ҳатто як ҳаракати онҳо ба ман илҳом дода, ба пешрафти касбиам мусоидат кардааст.

Ҳанӯз дар замони таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо устодоне рӯ ба рӯ шудам, ки барои тарбияи фикрӣ ва рушди шахсияти ман талошҳои зиёд карданд. Онҳо ба ман на танҳо дониш, балки тарзи дурусти андешидан ва арзёбии воқеиятро омӯзониданд.

Дар касби рӯзноманигорӣ бошад, ман ҳеҷ гоҳ намехостам аз мавқеи худ барои манфиатҳои шахсӣ истифода барам. Ҳар мусоҳиба барои ман як дарси нав буд, як имконият барои гирифтани таҷриба ва афзудани дониши худ. Дар зеҳнам ҳамеша як меъёр ҷой дошт — ҳеҷ гоҳ сухани сӯзанда нанависам, балки ҳамон иттилоотеро паҳн кунам, ки барои ҷомеа судманд бошад ва ба касе зарар нарасонад. Зеро рисолати аслии рӯзноманигор танҳо иттилоъ додан нест, балки масъулият дар назди ҷомеа низ мебошад.

Аз нигоҳи шумо, кадом фазилатҳо барои як журналисти воқеан касбӣ муҳиманд?

Журналист бояд ҳушёр, воқеъбин, кунҷкоб ва боинсоф бошад. Ҳақиқатпарастӣ муҳим аст, зеро масъулияти журналист — расонидани маълумоти дуруст ба мардум аст. Сипас, қобилияти таҳлил ва баррасии ҳамаҷонибаи рӯйдодҳо низ нақши муҳим мебозад. Бубинед, вақте журналист шудед, шумо наметавонед аз сиёсат дур монед. Хоҳед нахоҳед, олуда мешавед. Барои ҳамин набояд барои сафед кардани як нафар каси дигареро сиёҳ кард.

Шумо зикр кардед, ки журналист бояд воқеъбинона ҳаводисро инъикос кунад. Дар таҷрибаи шумо буданд лаҳзаҳое, ки гуфтани ҳақиқат имкон надошт?

Бале, бахусус дар солҳои вазнин — давраи бозсозии горбачёвӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ. Гоҳе навиштани ҳақиқат метавонад пайомадҳои нохуш дошта бошад, аммо агар журналист аз тарс хомӯш монад, пас рисолати худро иҷро намекунад. Як чизро зикр бояд кард, ки барои журналист касбаш бояд дар аввал бошад, на шикаму кисааш.

Дар охир, агар ба як журналисти ҷавон як маслиҳати муҳим медодед, он чӣ мебуд?

Ҳеҷ гоҳ аз омӯзиш ва такмил додани худ даст накашед. Журналист бояд ҳамеша дониш андӯзад, ҳақиқатро ҷӯяд ва аз масъулияте, ки бар дӯш дорад, огоҳ бошад. Агар касбро бо муҳаббат интихоб кунед, ҳама мушкилот паси сар хоҳанд шуд. Замони мо журналист танҳо як қалам дошт. Ҳоло бошад, барои пешрафти ҷавонон шароитҳои зиёд фароҳам омадааст, аз онҳо истифода бурда, журналистикаи кишварро рушд диҳанд.

Мусоҳиб:

Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *