Падар ё дарди сар?
Тифле аз модараш мепурсад:
-Оча, дадаам падару модар дорад?
Модар дар ҷавоб:
-Албатта, дорад… Бибият Сафия ва бобоят Холназар.
Кӯдак боз мепурсад:
-Ин тавр, ки бошад, чаро бобову бибиям ӯро ба мо доданд?

Қасоси зан
Зане шавҳару маъшуқаашро якҷоя қапида моҷаро намекунад. Телефонашро бароварда мегӯяд:
-Канӣ, наздиктар шинед!
Шавҳараш ҳайрон шуда мепурсад:
-Барои чӣ?
Зан дар ҷавоб:
-Ман як аксатонро гирам, дар тахтасанги қабратон мегузорам!

Усули харобшавӣ
Зане бо дугонааш вомехӯрад. Дугонааш бо таассуф мегӯяд:
-Ба ту чӣ шуд? Чаро ин қадар лоғар шудаӣ?
Зан дар ҷавоб:
-Азобам сахт аст, шавҳарам ба ман хиёнат мекунад…
Дугонааш мегӯяд:
-Чаро тоқат мекунӣ, ҷудо шав охир!
Зан дар ҷавоб:
-Наметавонам, мехоҳам боз панҷ килограмм харобтар шавам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *