Хандаи шаб

Кӯдаки зирак
Марде дар роҳ кӯдакеро мебинад, ки дар даст 100 доллар дорад. Кӯдакро фиреб карданӣ шуда мегӯяд:
-Бачаҷон, биё пулатро ба ман деҳ, ман ба ту дуто пул медиҳам.
Кӯдак дар ҷавоб мегӯяд:
-Аввал мисли хар садо бароред.
Мард хоҳиши кӯдакро иҷро мекунад, вале бача пулро надода, боз мегӯяд:
-Акнун мисли саг ак-ак кунед.
Мард боз хоҳиши кӯдакро иҷро мекунад, вале бе натиҷа. Ин дафъа кӯдак мегӯяд:
-Ба мисли гов садо бароред.
Мард боз хоҳиши бачаро иҷро мекунад. Кӯдак ин дафъа хандида мегӯяд:
-Акнун гов пулро мешинохтаасту мо кӯдакон намешиносем- мӣ?

Зани безеб
Ду мӯйсафед дар хараки таги бед бо ҳам дарди дил мекунанд. Якеаш мегӯяд:
-Занам ҳар рӯз аз ман талаби ҳамхобагӣ мекунад, ман бошам, пир шудаам, дигар мадор надорам, намедонам чӣ кор кунам. Ҳатто худам барояш шавҳар кофтам, вале касе дар деҳа ӯро ба занӣ гирифтан намехоҳад.
Мӯйсафеди дигарӣ мегӯяд:
-Ман ба ту чанд сол пеш гуфта будам, ки зани безеб нагир, вагарна якумр дарди сарат мешавад.

Чизи пурқимат
Дар синфи як муаллима ба кӯдакон вазифа медиҳад, ки аз ҳама чизи қиматбаҳоро номбар кунанд. Анвар аз ҷояш хеста, дар бораи мошини падараш нақл мекунад. Меҳрона бошад, гарданбанди бриллиантии модарашро таъриф мекунад. Баногаҳ Карим аз ҷояш хеста мегӯяд:
-Гулдоманӣ!
Муаллима қариб аз ҳуш рафта мегӯяд:
-Каримҷон, ту чиҳо мегӯӣ? Ту ақаллан медонӣ, ки гулдоманӣ чист?
Карим мегӯяд:
-Чӣ буданашро намедонам, вале аниқ медонам, ки чизи хеле қимат аст, чунки имрӯз субҳгоҳон вақте апаам гуфт, ки гулдоманияш гум шудааст, модарам аз ҳуш рафтанду падарам сактаи дил шуда, ҳамсояамон худкушӣ кард!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *