Хатлон: 278 ҷойи корӣ дар ним сол
Дар нимсолаи аввали соли равон, дар вилояти Хатлон 42 корхонаи гуногуни истеҳсолӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора Қурбон Ҳакимзода, сардори Раёсати Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Ҳакимзода, 873 коргоҳу корхона дар маҷмӯъ дар вилоят фаъолият дошта, 181-тои онҳо мавсимӣ мебошанд. Бо ифтитоҳи корхонаҳои нав, 278 ҷойи корӣ таъсис ёфтааст, ки барои коҳиши сатҳи бекорӣ ва беҳбуди вазъи иҷтимоии аҳолӣ аҳамияти калон дорад.
Бо вуҷуди ин, 32 корхона дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун ва Ховалинг фаъолият намекунанд. Ҳамаи ин корхонаҳо беш аз ду сол боз фаъол нестанд.
Ҳакимзода таъкид кард, ки мақомот барои барқарорсозии фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмонда тадбирҳо андешида, дар баробари он ба бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ низ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ