Хатлон: 33-ҳолати худкушии ноболиғон дар як сол

Соли 2020 дар вилояти Хатлон 33 ҳолати худкушии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона, даст ба худкушӣ задани ноболиғон назар ба соли 2019-ум нуҳ ҳолат зиёд шудааст.

Малика Шукурзода, муовини сардори Раёсати маориф дар вилоят имрӯз 1 феврали соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ гуфт, 15 духтар ва 18 писарбачаи хонандагони муассисаҳои таълимӣ худкушӣ кардаанд. Ӯ афзуд, яке аз сабабҳои асосии даст ба худкушӣ задани хонандагони муассисаҳои таълимӣ ин муҳити носозгорӣ равонӣ дар оила ва бемории руҳӣ мебошад. «Феълан дар ин масъала омӯзиш дорем, то пеши роҳи чунин ҳолатҳо гирифта шаванд»,-таъкид кард вай.

“Ҳамчунин давоми соли 2020 93-ноболиғ  дар ҳудуди вилояти Хатлон 179 ҷиноят содир намуданд, ки нисбати соли 2019-ум 21 ҳолат кам мебошад. Аз ноболиғони ҷиноят содир намуда, 38 нафар мактабхон буда, боқимонда, яъне 55 нафари дигар дар муассисаҳои таълимӣ  таҳсил намекунанд”,- афзуд Малика Шукурзода.  

Машраби Аловиддин

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.