Хатлон: Беш аз 30 суръатсанҷ аз санҷиш гузашт

Соли 2024 – ум 31 суръатсанҷ, ба истилоҳ радар аз санҷиши давлатӣ гузашт.

 Дар ин бора зимни нишасти хабарии Агентии  “Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон иттилоъ доданд. 

Зоир Бекназаров, сардори шуъбаи назорати давлатии санҷиши воситаҳои ченаки Агентии “Тоҷикстандарт” дар вилояти Хатлон гуфт, ки тибқи нақша мо дар як сол як маротиба суръатсанҷро аз санҷиши давлатӣ мегузаронем. Дар вақти гузарониди санҷиш суръатсанҷи корношоям аз истифода гирифта мешавад.

Ба таъкиди вай, беш аз 50 суръатсанҷ дар шуъбаи БДА аст. Аммо ҳамагӣ 31 адад аз санҷиш гузаштааст.

“Аз суръатсанҷҳои аз санҷишгузашта 24 адад дар Тоҷикстандарт дар шаҳри Бохтар ва боқимонда дар ноҳияи Шаҳритус ва шаҳри Кӯлоб аз санҷиши давлатӣ гузаштаанд”,-иттилоъ дод номбурда.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *