Хатлон: Ифтитоҳи китобхона пас аз бозсозӣ
Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин пас аз бозсозӣ ифтитоҳ карда шуд. Дар маросими кушодавии иншооти мавриди назар, Давлатадӣ Саид, раиси вилоят Хатлон иштирок намуд.

Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо харҷи 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ пурра бозсозӣ карда шудааст. Китобхона яке аз калонтарин муассисаи фарҳангӣ дар вилояти Хатлон аст, ки ҳамарӯза садҳо нафар аз китобҳои гуногуни он истифода мекунанд.
Баъди таъмиру бозсозӣ шароит дар китобхона боз ҳам беҳтар гардидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ