Хатлон. Майдони кишти картошка зиёд карда шуд

Имсол дар вилояти Хатлон мувофиқи нақша дар майдони 7 ҳазору 963 гектар кишти такрории картошка гузаронида мешавад. Ба иттилои масъулин майдони кишт назар ба соли 2019-ум 7 ҳазору 597 гектар зиёд карда шудааст.  

 Ба иттилои Қудбиддин Халилов, мудири шуъбаи растанипарварии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон кишти такрории картошка дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ ба 7 ҳазору 963 гектар расонида хоҳад шуд. Ӯ мегӯяд, соли 2019 майдони кишти такрории картошка ҳамагӣ 366 гектар буд. Имсол 7 ҳазору 597 гектар зиёд шудааст,-афзуд вай.

—Бо бештар будани талабот нисбати ин навъи маҳсулот нақшаи кишти такрориро зиёд кардем. То имрӯз 19 августи соли ҷорӣ дар майдони 5 ҳазору 114 гектар кишт гузаронида шудааст, ки беш аз 64 дарсади дурнаморо ташкил медиҳад. Бояд то 20-августи соли равон нақшаи кишти такрории картошка ба пуррагӣ иҷро карда шавад, -мегӯяд ӯ.

Масъулини Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон мегӯянд, ҳамасола қиммати картошка дар бозорҳои кишвар боло меравад. Майдони кишти такрорӣ зиёд карда шудааст, то фаровонии ин навъи маҳсулот дар бозорҳои истеъмолии мамлакат таъмин шуда, нархи он дар ҳама фаслҳои сол муътадил нигоҳ дошта шавад.  

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *