Хатлон. “Нусрати фолбин” боздошт шуд

Нусратулло Давронов сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Кӯшониён дар гузаштаи доғдори ҷиноятӣ дорад. Бо вуҷуди ин боз такроран даст ба кирдорҳои хилофи қонун задааст, боздошт шуд.

Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон мегӯяд, чанд маротиба ӯ барои машғул шудан ба «сеҳру ҷоду ва фолбинӣ» дастгир шуда дар барномаҳои телевизионӣ кирдорҳои мардумфиребонааш ба намоиш гузошта шуданд. Мутаассифона, ӯ аз роҳи пешакардааш баргаштанӣ нест.

Кормандони милитсияи шаҳри Бохтар зимни баргузор намудани чорабиниҳои санҷишӣ номбурдаро, ки дар манзили истиқоматиаш ба додани тумору таштоб ва амалҳои соҳирӣ машғул буд, дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки Нусратулло Давронов бо тахалуси “Нусрати фолбин” барои амалӣ намудани кирдорҳои мардумфиребонааш аз мизоҷонаш аз 1 ҳазор то 10 ҳазор сомонӣ талаб мекардааст.

Нусратулло Давронов бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Муҳиддинова С, соли таваллудаш 1973, сокини шаҳри Бохтар даромада, барои фол дидан ва муайян намудани мушкилии ӯ дар навбати аввал 100 сомонӣ ва баъдан ва гуё барои тоза намудани манзили истиқоматии ӯ аз сеҳру ҷоду 1000 сомонӣ талаб намудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур нисбати Нусратулло Давронов барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ маводи зарурӣ тартиб дода шуда, дар баррасӣ қарор дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *