Хатлон. Раҳимзода раиси Кумитаи идораи замин таъин шуд
Сафармаҳмад Раҳимзода раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон таъин шудааст. Ӯ то расидан ба ин вазифа, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд.
Сафармаҳмад Раҳимзода аз соли 2020 то январи соли 2025 раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ буд. Ӯ дар гузашта муовини раиси Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон ва муовини аввали раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ кор кардааст.
Ба ҷойи ӯ Маҳмуд Амирзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин гардид.
То таъин шудани Сафармаҳмад Раҳимзода ба мансаби сардори Кумитаи идораи замин дар вилояти Хатлон, Маҳмадшариф Холзода раиси идораи мавриди назар буд. Ӯ дар аввали сол бо як фармони Президенти кишвар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён таъин гардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ