Хатмкардаи ДТТ ба номи Осимӣ шаҳрванди фахрии Кореяи Ҷанубӣ шуд

Аҳроҷон Боқиев, зодаи Тоҷикистон, ки чанд соли охир дар шаҳри Сеул кору зиндагӣ мекунад, шаҳрвандии фахрии Кореяи Ҷанубиро гирифтааст. Ӯ аввлин нафар аз Тоҷикистон аст, ки ин унвонро соҳиб мегардад.

Ҷоизаи мазкурро аз соли 1958 ба хориҷиёне медиҳанд, ки дар Кореяи Ҷанубӣ корҳои хуберо анҷом додаанд.

Аҳрорҷон Боқиев яке аз раҳбарони Шӯрои хориҷиён дар Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ аст. Ҳукумати шаҳри Сеул ба ҷуз шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳашт хориҷии дигар низ чунин унвони шаҳрванди ифтихорӣ додааст.

Аҳрорҷон Боқиев хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ мебошад, ки шаш сол инҷониб дар шаҳри Сеул фаъолият мекунад.

Тоҷикистон аз соли 1992 бо Кореяи Ҷанубӣ ҳамкорӣ дорад. Гардиши мол байни ду кишвар дар соли 2018 беш аз 27,5 миллион долларро ташкил додааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *