Хива достонсароёни 40 кишварро гирди ҳам овард
Дар вилояти Хоразми Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рӯзҳои 26-28 апрели соли равон таҳти сарпарастии ЮНЕСКО ва АСЕСКО чаҳорумин Ҷашнвораи байналмилалии санъати достонсароён баргузор гардид. Ба ин ҷашнвора Осорхонаи зери осмони соф – шаҳри Хива мизбонӣ намуд, ки гуфта мешавад, соли 2024 ба мақоми Пойтахти сайёҳии ҷаҳони ислом соҳиб шудааст.
Дар ҷашнвора беш аз 40 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Озарбойҷон, Белорус, Булғористон, Бразилия, Британияи Кабир, Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Русия, Туркия, Ҷопон, Ӯзбекистон ва кишварҳои дигар наздики 200 нафар навозандагон ва достонсароён ширкат намуданд.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Ӯсаров, сухангӯи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳадафи аслии баргузории ин ҳамоиши санъати достонсароӣ ҳифз ва табодули мероси фарҳангии ғайримоддӣ мебошад, ки арзишҳои фарҳангӣ, мусиқӣ, достонҳо, фолклор, анъана ва ҳунари мардумиро дар меҳвари тарғибу ташвиқ қарор додааст.
“Як рӯз қабл аз маросими кушоиши ҷашнвора конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд, ки мутахассисон масъалаҳои санъати достонсароӣ ва дурнамои онро баррасӣ намуданд. Сонӣ, бо ширкати устодони варзидаи санъат дарсҳои маҳорат роҳандозӣ гардиданд” -афзуд Сироҷиддин Ӯсаров.
Тавре ки олими санъатшинос ва Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Абдувалӣ Абдурашидов зимни суҳбати ихтисосӣ ба мо гуфт, таваҷҷӯҳ ба ёдгориҳои маънавии мардуми гуногунмиллати олам, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз болоравии муносибати хеле хуб ба осори ғайримоддӣ далолат медиҳад. Ба гуфтаи ӯ чунин муносибат марҳалаи нави илмии эпикӣ ва ҷанбаҳои калони сарватҳои маънавиро боз ҳам равшану амиқ таҷассум менамояд.

“Достонсароӣ дар байни мардуми зиёди олам роиҷ мебошад. Ба таври мисол, дар Ҷумҳурии Куриёи Ҷанбубӣ, Фаронса, Бразилия, Булғористону Чин ва амсоли он мардум ба тарзи хоси худ машғули достонсароӣ мебошанд ва ҳар як достон орзуву ормон ва ҷаҳонбинии ҳамон мардумро ифода менамояд” – илова кард Абдувалӣ Абдурашидов.

Қобил ба ёдоварист, ки шаҳри Хива дорои Қалъаи дарунист, ки атрофи онро деворҳои баланд иҳота мекунад. Қалъа чаҳор дарвозаи вуруду хуруҷ дорад. Дар ана ҳамин тамошогоҳи қалъа, зери осмони соф намояндагони халқҳои гуногун ҳунару санъати худро намоиш доданд.
Ҳайати ҳафтнафарии доварони ин ҷашнвора таҳти раёсати мушовири директори генералии Ташкилоти мероси Маҷористон Гергели Агос ҳунарнамоии ҳар як гурӯҳ ё фарди алоҳидаро дақиқкорона арзёбӣ карданд. Тавре ки зимни натиҷагириҳо раиси ҳайат иброз дошт, талош намуданд, ки дар интихоби ғолибон ғалат накунанд ва онҳое соҳиби ҷоиза гарданд, ки маҳорати хуб нишон дода тавонистанд.
Дар воқеъ, Абдураҳмон Ҳасанов аз достонсароёни Тоҷикистон дар ин ҷашнвораи байналмилалӣ намояндагӣ кард.
Шоми 28 апрел натиҷаҳо эълон ва ғолибон соҳиби ҷоизаҳо гардиданд. Ҷойи якум насиби Муяссар Ҷумотова (Ӯзбекистон) ва гурӯҳи достонсароёни Туркманистон шуд ва ҳар кадом 5 ҳазор долларӣ мукофоти пулӣ гирифт. Ду ҷои 2-юмро Усмонҷон Абдуллоев (Ӯзбекистон) ва Кенсулу Турикпен (Қазоқистон) бо ахзи 3,5 ҳазор долларӣ ишғол карданд. Се ҷойи 3-юм бо мукофоти пулии 2,5 ҳазор долларӣ насиби Ихагвасурэн Лхамрагча (Муғулистон), Аксия Степанова (Русия) ва Зиёдилло Аҳмедов (Ӯзбекистон) гашт. Шоҳҷоизаро гурӯҳи достонсароёни Озарбойҷон ба даст овард, ки 7 ҳазор доллари амрикоиро ташкил мекунад.
Ба як гурӯҳ иштирокчиёни фаъоли Ҷашнвораи IV байналмилалии санъати достонсароии Хива мукофотҳои вежа супурда шуд. Достонсарои Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳасанов ба ҳамин гурӯҳ шомил гардид.
Мирасрор АҲРОРОВ,
шаҳри Хива
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ