Хонаи деҳқон сӯхту кисаи мусофир дарид

Пайомади болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон

Нархи 1 литр бензини навъи АИ 95 10 сомонию 50 дирам, АИ- 92 9 сомонию 80 дирам, 1 литр газ 7 сомонӣ, 1 литр сӯзишвории дизелӣ ба 9 сомонию 40 дирам расидааст. Он тамоюли боз боло рафтан дорад. Дар ин замина нархи маҳсулоти кишоварзӣ, ки тавассути мошинҳо интиқол меёбанд, босуръат боло меравад. Ниҳодҳои марбута, ки муаззаф ҳастанд пеши роҳи онро гиранд, аз воқеият мардумро огаҳ созанд, лаб ба хомӯшӣ бастаанд. 

Поёни шаби  сиёҳ чист?

Чанд рӯзи охир  мешавад, ки ғайричашмдошт маводи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон қимат шуда истодааст. Дар  пайи ин, ронандагони таксиҳо ҳам  роҳкиро барои мусофирон гарон мекунанд. Агар таксиҳои кироя дар шаҳри Душанбе қаблан 5 сомонӣ буд, ҳоло 7 сомонӣ шудааст. Ронандагон мегӯянд, ки хароҷоти роҳ бо ин нархи имрӯзаи сӯзишворӣ намепӯшонад. Бинобар ин, маҷбуранд, ки аз мусофирон ба ҷойи 5 сомонӣ 7 сомонӣ гиранд.

Акбар, ронандаи таксӣ гуфт: “Асосан дар хатсайри  8 ба мусофирон хизмат мерасонам. Аз маҳаллаи Зарафшон то фурудгоҳи Душанбе 4 мусофир мегирам, ҳамагӣ 28 сомонӣ мешавад.  Агар ягон мусофир дар дар байн фарояд ва мусофири дигар гирам, баъд ягон фоида мемонад. Вагарна, бо ин нарх мушкил аст, ки фоида ба даст орем”.

Ҳоло айён  мешавад, дар Душанбе мошинҳо камчин шудаанд. Зеро ронандагон ба ин боваранд, ки  роҳкиро хароҷотро намепӯшонад. Ба таври рекордӣ қимати газу бензин ва сӯзишвории дизелӣ мардуми Тоҷикистонро хеле нигарон кардааст. Зеро ин метавонад ба иқтисоди хонаводаи сокинон таъсири амиқ гузорад.

Хабарнигори “Тоҷикистон” дар вилояти Суғд мегӯяд, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳам, болоравии нархи газ, ба камшавии савдо оварда расондааст. Пештар ронандаҳо, барои пур кардани балони мошинашон дар навбат меистоданд, ҳоло аҳён – аҳён ба газхарӣ меоянд. Ба ин дараҷа нархи маводи сӯхт дар навоҳии кишвар гарон нашуда буд. Равшан як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, дар муқоиса ба як моҳи пеш, нархи пур кардани газбалони хонааш беш аз даҳ сомонӣ баланд шудааст.

“Як моҳ пеш арзиши 10 литр газ 55 сомонӣ буд, ҳоло 67 сомонӣ шудааст. Дар шароити набуди кору даромади собит, чунин болоравии нарх ҳеҷ касро хурсанд намекунад”, — мегӯяд Равшан.

Болоравии нарх назар ба аввалҳои соли ҷорӣ дар мисоли гази моеъ 2, 7 – сомонӣ ва сӯзишвории дизелию бензин аз 3 то 3, 5 сомонӣ ё аз 35 то 45% баланд шудааст. Дар моҳи январи соли ҷорӣ гази моеъ ҳамагӣ 4 сомонӣ ва бензину дизел бо нархи 7 сомонӣ дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон фурӯхта мешуд. Бо сабаби баланд шудани қимати маводи сӯхт, ҳоло арзиши хизматрасонии мусофиркашонӣ (таксӣ) низ дар шаҳру навоҳии Суғд тағйир ёфтааст. Адолат як сокини шаҳри Бӯстон мегӯяд, танҳо дар ду рӯзи охир нархи хизматрасонии таксӣ дар Хуҷанд якбора ду сомонӣ баланд шудааст.

«Ин саҳар ба аёдати хоҳарам рафтам. Дар истгоҳ то дур автобусро мунтазир будам, аммо наомад. Ночор таксӣ фармоиш додам. Пеш аз он, ки ба мошин нишинам, ронанда дар бораи болоравии нархи хизматрасонӣ фаҳмонд. Гуфт, ки 12 – сомонӣ шудааст, нархи таксӣ барои дохили шаҳр”, — иброз медорад як сокини Хуҷанд.

Маҳсулоти ғизоӣ рӯ ба қиматӣ

Гаронии нархи  сӯзишворӣ ба ҳамаи соҳаҳо таъсир мерасонад. Ҳоло гаронии нархи маҳсулоте, ки дар дохили Тоҷикистон истеҳсолаш ба роҳ монда шудааст, аз қабили орду гандум, равғану сабзӣ боис ба нигаронии сокинон шудааст. Сокинон  бештар аз як сол боз ҳамвора аз боло рафтани нархи маҳсулоте чун орду равған ва шакару сӯзишворӣ шикоят доранд. Тибқи иттилои Агентии омори назди Ҳукумати Тоҷикистон, бензин бештар аз ҳама молу маҳсулоти дигар гарон шуда, нархи миёнаи он қариб ду баробар ё 44,5 дарсад афзудааст.

Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон маҳсулоти ниёзи аввал бештар аз хориҷа оварда мешавад ва тоҷирон ҳам дар бештари ҳолат сабаби боло бурдани нархи маҳсулоташонро ба беқурбшавии назарраси сомонӣ рабт медиҳанд. Ҳарчанд дар масъулини Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран дар нишасти матбуотӣ гаронии нархҳоро ба омилҳои беруна рабт додаанд, аммо  коршиносон бар ин  назаранд, то имтиёзҳои бештар ба бахшҳои муҳим, аз ҷумла соҳибкорӣ дода нашавад, иқтисоди кишвар рушд нахоҳад кард.

Аслан Тоҷикистон маводи сӯзишвориро кам истеҳсол мекунад ва бештар пойбанди воридот аст. Тибқи маълумоти оморӣ, 29 ширкат ба воридоти маводи сӯзишворӣ ба кишвар машғул ҳастанд. Дар байни онҳо ҳиссаи бештарро ширкатҳои “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва “Сеганҷ” ташкил медиҳанд.

Бархе аз роҳбарони ширкатҳои таъминоти сӯзишворӣ ё ба истилоҳ чаканафурӯшон, гароншавии нархи гази моеъро ба болоравии нархи воридоти он рабт медиҳанд. Вале то куҷо ин далел асос дорад, ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон шарҳи расмӣ надоданд. Аз ҷумла, Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон — ягона ниҳоди назорату танзим дар бозор то ҳол сабаби болоравии нархи бесобиқаи сӯзишворӣ, пайомадҳои онро шарҳ надодаанд.

У. Раҳимзода

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.