Хонандагони мактаб баҳори имсол 10 рӯз таътил мекунанд
Вазорати маорифи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки таътили баҳории хонандагон расман 5 рӯз – аз 25 то 29 мартро дар бар мегирад. Аммо бо дарназардошти рӯзҳои истироҳатии ҷашни Наврӯз (аз 21 то 24 март) ва рӯзи якшанбеи 30 март, онҳо дар маҷмуъ 10 рӯз аз дарсҳо озод хоҳанд буд.
Ба ин асос, таътили баҳории мактаббачагон аз 21 март оғоз ёфта, то 30 март идома меёбад.
Инчунин, Вазорат таъкид кардааст, ки дар сурати рост омадани Иди Рамазон ба рӯзи корӣ, масалан 31 март, он рӯз низ хонандагон аз таҳсил озод хоҳанд буд.
Қобили зикр аст, ки муддати таътили мактабӣ дар кишвар тағйир ёфта, ҳоло давомнокии таътилҳои тирамоҳӣ ва зимистона 7 рӯз ва баҳорӣ 5 рӯзро ташкил медиҳад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ