Хуҷастаи Мирзовалӣ

Хуҷастаи Мирзовалӣ: Пул лозим аст, вале истеъдод муҳимтар (видео)

Сарояндаи маъруфи эстрадаи тоҷик Хуҷастаи Мирзовалӣ меҳмони нашри навбатии барномаи “Рӯ ба рӯ”-и ютубканали Рressa.tj буд. Фишурдаи суҳбати сарояндаро пешкаши шумо мекунем.

Ситораи опера

— Дар саҳнаи ҳунар ҳамчун сарояндаи опера тулуъ кардӣ. Сарнавиштат ба ин жанри душвор чӣ гуна пайваст?

— Шукр мекунам, ки Худованд ба ман садои қавӣ додааст. Дар баробари ин, ба сарояндагӣ шавқу завқ доштам. Падарам маро ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов овард, то ки донишҷӯ шавам. Худам мехостам дар шуъбаи эстрада таҳсил кунам, вале вақте устодон маро имтиҳон карданд, тавсия доданд, ки ба шуъбаи овозхонии академӣ дохил шавам. Ҳамин тавр, 5 сол жанри операро дар пеши устод Бурҳон Мамадқулов омӯхтам.

— Дар Милан ҳам таҳсил кардӣ…

— Бале! Соли 2013 дар консерти идона бахшида ба Рӯзи Истиқлоли кишвар як ария сароидам. Дар ин чорабинӣ Президенти кишвар ширкат доштанд. Сароидани ман ба роҳбари давлат писанд афтод ва эшон супориш доданд, ки барои таҳсил маро ба Италия равон кунанд. Ҳамин тавр, бо роҳнамоии устод Адҳам Холиқов дар Милан таҳсил кардам.

— Имрӯз операи тоҷикро кӣ пеш мебарад?

— Операи тоҷикро ҳунармандони театри касбӣ пеш мебаранд. Аз ҷавонҳо Амирҷон Рӯзиев, Шарофат Усмонова, Мунзифа Исоева, Шоҳрух Юнусов ва чанд нафари дигар имрӯзҳо муваффақ ҳастанд. Имрӯзҳо дар Театри опера ва балети мо операҳои нағз ба саҳна гузошта мешаванд.

— Як муддат дар Театри академии опера ва балети ба номи устод Айнӣ фаъолият карда, баъдан тарк кардӣ. Сабаб чӣ буд?

— Барои он ки ман дар баробари опера дар дигар жанрҳо низ худро санҷидам ва бештар ба сароидани сурудҳои эстрадӣ машғул шудам. Ҳамин тавр, сафарҳои ҳунариам зиёд шуд. Чунин реҷаи кории ман ба театр мувофиқ наомад, бинобар ин, аз театр рафтам. Агар маро ба ягон намоиш даъват кунанд, меравам. Вале ҳамчун корманди штатӣ имкони аз саҳар то бегоҳ дар театр буданро надорам. Ҳоло ман корманди Оркестри симфонии назди Президенти Тоҷикистон ҳастам.

— Маоши ҳунармандони опера чӣ қадар аст?

— Зиёд нест. Фикр мекунам 1500 то 2000 сомонӣ аст…

Вақте зиндагӣ маҷбур мекунад…

— Дар интернет туро гоҳ ҳисорӣ менависанд, гоҳ шаҳринавӣ, гоҳ бадахшониву гоҳ кӯлобӣ…

— Ин хуб аст, зеро ҳама ҷойи Тоҷикистони азиз Ватани ман аст. Падарам аз Фархору модарам аз Ҳисоранд, вале мо дар ноҳияи Шаҳринав ба воя расидем. Худам дар Ҳисор таваллуд шудаам. Қабл аз он ки ба Душанбе оям, дар шаҳри Турсунзода зиндагӣ мекардем. Ман дар мактабҳои гуногун таҳсил кардаам, бинобар ин, ягон ҳамсинфамро нағз дар ёд надорам… 

— Мақсади ин кӯчиданҳо чӣ буд?

— Зиндагӣ маҷбур мекард. Ман вақте хурд будам, падару модарам аз ҳам ҷудо шуданд. Модарам моро ба танҳоӣ ба воя расониданд.

— Модарат чӣ кор мекарданд?

— Модарам муаллимаи забон ва адабиёти рус ҳастанд. Дар Шаҳринав директори мактаби рақами 10 буданд. Ҳоло дар Донишкадаи байналмилалии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кор мекунанд. Ба наздикӣ рисолаи номзадӣ дифоъ карданд. 

— Падарат чикора ҳастанд? Оё бо эшон иртибот дорӣ?

— Падарам шахси эҷодкор ҳастанд. Як муддат хайёт буданд. Шиму костюм медӯхтанд. Баъдан ба ҳунар пайвастанд ва чанд сол дар “Мосфилм” фаъолият доштанд. Дар чандин филмҳо нақш бозидаанд. Феълан дар Тоҷикистон ҳастанд. Бо эшон дар иртибот ҳастем.

Шебу фарози эстрада

— Чаро аз опера ба эстрада гузаштӣ?

— Ман операро тарк накардаам. Эстрада ва сурудҳои фолклориро барои он мехонам, ки ба мардум бисёр наздик аст. Барои пеш бурдани зиндагӣ ман маҷбурам, ки ба талаботи мардум нигоҳ карда, суруд хонам…

— Дар бораи сарояндагони зан овозаву сарусадо зиёд аст. Оё имкон дорад, ки бо роҳи рост дар эстрада мавқеъ ёбӣ?

— Бале, ин ба худи инсон вобаста аст.

— Вақте ҷавондухтари зебо дар эстрада пайдо мешавад, мардҳои сарватманд, мансабдор ба ӯ бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Аз табъиз — дискриминатсия чӣ гуна худатро раҳо мекунӣ?

— Албатта, таваҷҷуҳи мардҳо ҳамеша ба зани зебо эҳсос мешавад. Дуруст аст, ки баъзан вақт мардҳо аз ҳад мегузаронанд. Вале ман кӯшиш мекунам, ки касеро наранҷонам, ҷанҷол накунам ва оҳиста худамро аз чунин нафарон дур кунам.

— Барои дар эстрада мавқеъ ёфтан чӣ муҳим аст: истеъдод, зебоӣ ё пул?

— Пул нақши муҳимро бозӣ мекунад, зеро сабти суруд, клип, либос ва ғайра хароҷоти калон дорад. Вале истеъдод муҳимтар аст. Саҳна зебоиро талаб мекунад. Яъне бидуни ҳар се намешавад.

— Чаро имрӯзҳо сурудҳои каммазмун маъруфият пайдо мекунанд?

— Ин маро ҳам бисёр ҷигархун кардааст, вале чӣ чора!? Аҳамият медиҳам, ки ҳар қадаре мазмуни суруд паст бошад, ҳамон қадар зиёдтар мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Ин аз сатҳи маърифати мардум вобастагӣ дорад.

— Аз оғози фаъолият чандин сурудҳои қадимаро бозхонӣ кардӣ ва онҳо маъруфият ҳам пайдо карданд. Сурудҳои солҳои 60-ум ва 70-у 80-ум чӣ асроре доранд, ки куҳна намешаванд?

— Барои он ки шеъру оҳанги ин сурудҳоро эҷодкорони беҳтарин навиштаанд…

— Имрӯз эҷодкорони беҳтарин дорем?

— Бале, вале хеле кам.

Аз ҳар боб

— Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр фаъол ҳастӣ…

— Бале. Ин имкон медиҳад, ки бо мухлисонам наздик бошам.

— Бештари мухлисонат дар шабакаҳои иҷтимоӣ мепурсанд, ки Хуҷаста кай шавҳар мекунад?

— Кай вақте насиб бошад. Аввал инсони ҷиддӣ ва сазовор пайдо шавад…

— Аз пушти ҳунари сарояндагӣ чӣ чизи гаронарзиш харидӣ?

— Шукр, ҳоло хона ва мошин дорам…

— Кай консерт баргузор мекунӣ?

— Ҳамин сол…

Мусоҳиб: О. НОЗИР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *