Хуҷанд: ширкати нави “Як таксӣ” ба фаъолият оғоз намуд

Дар назди истгоҳи марказии хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд маросими ба фаъолият оғоз намудани ширкати хизматрасонии нақлиёти мусофиркаши «Як таксӣ” баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд, дар чорабинии ифтитоҳӣ муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода ва роҳбари ширкати “Як таксӣ” Исматулло Ҳакимов ва ронандагону сокинони шаҳр иштирок намудаанд.

Иттилоъ дода шудааст, ки аз ширкати “Як таксӣ” 130 адад нақлиёти мусофиркаш вориди бозори хизматрасонии шаҳри Хуҷанд гардид, ки аз он 30 ададашро электромобили тамғаи «BYD E2» ташкил медиҳад. Дар назар аст, ки то охири сол боз якчанд адад мошини дигар низ вориди шаҳри Хуҷанд гардад.

— Ширкат нақша дорад, ки ояндаи наздик дар тамоми қаламрави мамлакат шабакаи нуқтаҳои пуркунии захираи барқ ҷорӣ намояд. Дар вилояти Суғд дар шаҳри Истаравшан аллакай чунин нуқта таъсис дода шудааст ва рўзҳои наздик аз ҷониби ширкат дар шаҳри Хуҷанд низ нуқтаи пуркунии захираи барқ ифтитоҳ карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Бояд қайд намуд, ки электромобили тамғаи «BYD E2 дорои батареяи 47 киловатт-соата буда, метавонад бо як захира тақрибан 410 километр масофаро тай кунад. Автомобилро метавон дар хона низ бо неруи барқ таъмин намуд. Дар ин ҳолат барои захираи пурраи барқ тақрибан 6 соат вақт зарур аст, ки арзиши он қариб 10 сомонӣ мешавад. Яъне бо қувваи барқи арзишаш 10 сомонӣ метавон аз Душанбе то Хуҷанду Исфара сафар намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *