Худкушӣ миёни ноболиғон кам, вале ҷиноят зиёд шудааст

Давоми шаш моҳи соли равон, дар вилояти Хатлон 120 ҷиноят аз ҷониби 104 ноболиғ содир шудааст. Аз ин шумора, 91 ноболиғ дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд.

Имрӯз, 21 июл, Ниёзалӣ Ашӯрзода, сармутахассиси Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ зикр кард, ки дар шаш моҳ 120 ҷиноят аз ҷониби ноболиғон сабт шудааст. Ӯ мегӯяд, мутаассифона, содиршавии ҷиноят назар ба ҳамин дарваи соли 2024  ду ҳолат зиёд аст.  

    “Аз ҷониби 104 ноболиғ 120 ҳолати ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора, 91 каси он таҳсил мекунад ва боқимонда дар ягон муассисаи таълимӣ таҳсил намекунанд”.

      Ниёзалӣ Ашӯрзода мегӯяд, хушбахтона, дар шаш моҳи соли ҷорӣ даст ба худкушӣ задани ноболиғон кам шудааст. Ба таъкиди вай дар шаш моҳи соли 2024 -ум 17 ҳолати худкушӣ аз ҷониби ноболиғон сабт шуда буд.

 Давоми сол ҷорӣ бошад, 13 ҳолати худкушии ноболиғон қайд карда шудааст, – афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *