Худкушии 23 ноболиғ дар Хатлон

Давоми шаш моҳи соли 2021 дар вилояти Хатлон 23 ҳолати худкушии ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ба ҳамин давраи соли гузашта, мутаассифона, панҷ ҳолат зиёд мебошад. Дар ин бора рӯзи 12-июл дар нишасти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

 Иттилоъ доданд, ки дар ҳашт ҳолат духтарон ва дар 18-ҳолат писарон даст ба худкушӣ задаанд. Таъкид карда шуд, дар ҳамин давраи соли гузашта даст ба худкушӣ задани ноболиғон 18 ҳолатро ташкил мекард.

Ашӯралӣ Олимӣ, сардори Раёсати маориф дар вилояти Хатлон гуфт, давоми соли ҷорӣ  дар ҳудуди вилояти Хатлон 83-ҳолати содиршавии ҷиноят аз ҷониби ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки ҳашт ҳолат нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 зиёд мебошад. 83-ҳолати ҷиноят аз ҷониби 51 ноболиғ содир гардидааст, ки танҳо 33 нафараш хонандагони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.

Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *