Хулосаи комиссияҳои ҳолатҳои фавқулода дар мавриди харобиҳои заминларза

Бо гузашти чанд рӯз аз зилзилаи харобкори ахир Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулодаи вилоятиву ноҳиявӣ хулосаҳои ниҳоии худро дар мавриди зарарҳои расида ироа карданд.

Аммо, бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло ҳам мизони зарар мушаххас нашудааст ва комиссияҳо дар садади дақиқан эълон кардани ҳаҷми осебҳои расида мебошанд.

Натиҷаи кори гуруҳҳои комиссияҳои минтақавӣ дар мавриди хонаҳо ва хоҷагиҳои осебдида ба тартиби зерин аст:

Куҳистони Мастчоҳ

Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд истинодан ба хулосаи гуруҳи кории комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят, ки рӯзҳои 23-26-уми марти соли равон анҷом гирифт, хабар медиҳад, ки дар зиминларзаи рӯзи 23-юми марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ 318 ҳолати зарар ба хонаҳои истиқоматии деҳаҳои Палдорак, Ярм Пакшифи Деҳмонара, Дашти миёна, Роғ, Самҷон, Пакшифи ҷамоати деҳоти Лангар ба қайд гирифта шудааст.

Дар натиҷаи муоина ва арзёбӣ маълум гардидааст, ки дар деҳаҳои номбурдаи ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ  асосан дар натиҷаи заминларза биноҳои ёрирасони хоҷагиҳо вайрон гардида, ба талафоти чорвои калон ва хурд оварда расонидааст. Дар ин офати табиӣ 18 сар чорвои калон ва 27 сар моли майда ба ҳалокат расидааст. 

Комиссия ба хулоса омадааст, ки як сабаби аслии вайрон гардидани иншооти ёрирасон ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон, ки пурра ё қисман зарар дидаанд, ин риоя нагардидани меъёру қоидаҳои сохтмонӣ, бетаҳкурсӣ бунёд гардидани хонаҳо, пешбинӣ нашудани чораҳои зидди зилзилавӣ ва истифодабарии тӯлонии онҳо мебошад.

Барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ тибқи супориши роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд кумакҳо дар шакли масолеҳи сохтмонӣ ва хӯрока ворид гашта истодааст.

Маврид ба таъкид аст, ки дар заминларзаи ёдшуда тибқи иттилои Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд 165 хона дар деҳаи Палдорак зарар дидааст. Аз ҷумла, дар ин русто 4 хона пурра хароб шуда, 37 хона қисман зарар дидаанд ва ба 124 хона осеби сабук расидааст.

Шумори деҳаҳои зарардида дар деҳаи Ярм 23 адад буда, 7 хона қисман ва 16 хона зарари сабук дидаанд.

Ба ҳамин тартиб дар деҳаҳои Пакшиф (49), Деҳманора (18), Дашти Миёна (11), Роғ (44), Самҷон (7), Худгифи Боло (1) низ аз заминларза зарар дидани хонаҳои сокинон ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба гузориши Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд, то ин лаҳзаҳо ба сокинони осебдидаи ноҳия 10 ҳазор кило орд, 200 литр равған, 100 кило гӯшт, 400 кило макарон, 1000 кило биринҷ, 100 кило сабзӣ, 100 кило пиёз, 1000 дона ном, 100 тонна семент аз шаҳри Панҷекат расидааст.

Худи сокинони ноҳия ба зарардидагон 300 адад шифер, 5,8 тонна семент, 4 куб тахта, 5,8 тонна семент, 500 литр равған ва 400-килоӣ пиёзу макарону биринҷ фиристодаанд. 

Ҳамзамон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 79 адад хайма ба минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардида ирсол намудааст.

Рашт

Дар заминларзаи 23-юми марти соли 2023 дар ҳудуди ноҳияи Рашт комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода 68 адад хонаҳои истиқоматиро аз назар гузаронида, ба ин натиҷа расидааст, ки 15 хоҷагӣ дар деҳаи Порвоғ, 5 хоҷагӣ дар деҳаи Дуоба, 2 хоҷагӣ дар деҳаи Саридашт, 3 хоҷагӣ дар деҳаи Тагобаи ҷамоати деҳоти Тагоба ва ҳамчунин 5 хоҷагӣ дар деҳаи Муллобадал ва 1 хоҷагӣ дар деҳаи Хурихами ҷамоати деҳоти Оби Меҳнат ва 1 хоҷагӣ дар деҳаи Поҷеи Поёни ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзода, дар умум 32 хонаи истиқоматӣ зарари сабук дидаанд.

Рӯзи 26-уми марти соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои манбаҳои захираҳои моддӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ ҷудо гардидаи ноҳия маводи ғизоӣ ба сокиноне, ки хонаҳояшон осеб дидааст, расонида шудааст. Аз ҷумла, ба ҳар хонаводаи осебдида 50 кг орд, 10 кг биринҷ ва 5 литр равған тақсим карда шудааст.

Нуробод

Гуруҳи корӣ дар ноҳияи Нуробод дар асоси муроҷиатҳои иловагии шаҳрвандон ҳолати биноҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасони 45 хоҷагии деҳаҳои Калназар ва Кабутиёни ҷамоати деҳоти Сафедчашма, инчунин деҳаҳои Пандовчӣ ва Тегирмии ҷамоати деҳоти Меҳрободро санҷида баромадааст. Маълум гардидааст, ки дар деҳаи Калназар 5 хоҷагӣ, дар деҳаи Кабутиён 4, дар деҳаи Пандовчӣ 3 ва дар деҳаи Тегирмӣ 5 хоҷагӣ зарари сабук дидаанд.

Ҳамагӣ дар ҳудуди ноҳия ба 17 хоҷагӣ зарари сабук расидааст. Дар дигар хоҷагиҳое, ки аз назар гузаронида шудаанд, дар деворҳо рехтани андова ва тарқишҳои хурд ба назар расидааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *