Иҷлосияи якуми парлумони нав
19 март дар шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми парлумони тозаинтихоби Тоҷикистон баргузор мешавад. Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон рӯзи 6 март фармони расмии даъват ба иҷлосияро содир кард.
Дар фармон омадааст, ки “Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 19 марти соли 2025 соати 10-00 дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.”
Интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2 март баргузор шуд, ки тибқи иттилои расонаҳои давлатӣ, 85,3% аз интихобкунандагон дар он овоз доданд. Вале дар ин интихобот нозирони Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва чанде аз расонаҳои мустақил ҳузур надоштанд.
Ин интихоботи ҳафтуми интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ