Иҷрои барзиёди нақшаи андоз дар Хатлон
Соли 2024 нақшаи умумии иҷроиши андоз дар Хатлон бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ наздики 105 дарсад таъмин шудааст. Ҷамъоварии андоз назар ба соли 2023-юм беш аз 347 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Ҷурабеки Ҷумъа, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соли 2024 ба ҷойи 2 миллиарду 620 миллион сомонӣ ба буҷети вилояти Хатлон беш аз 2 миллиарду 742 миллион сомонӣ ворид шудааст. Ба таъкиди вай, нисбат ба нақша 122 миллион сомонӣ зиёд ворид шудааст.
«Яке аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти андоз ин кам кардани бақияи қарзи андоз аст. Дар соли 2024 бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон беш аз 1 миллион сомонӣ кам карда шудааст. Ҳоло қарзи мавриди назар каме бештар аз 165 миллион сомонӣ аст, ки дар соли равон ба таври назаррас кам карда мешавад”,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ