Амонатбонк

Иҷрои супориши Президент. Пешниҳоди қарз бо фоизи паст дар Амонатбонк

 «Амонатбонк»  тасмим гирифт, ки дар соли 2023 се намуд қарзи навро бо фоизҳои паст ба мизоҷон пешниҳод намояд. Инҳо «Кишоварз», «Занони муваффақ» ва «Автоқарз» мебошанд.  

Бино ба иттилои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», ин иқдом  ҷиҳати иҷрои  нишондиҳандаҳои асосии  Паёми навбатии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Пешвои миллат  Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки зимни ҷаласае, ки дар «Амонатбонк» вобаста ба таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои Паёми  навбатии Президенти мамлакат доир  шуд, таъкид  гардид, ки «Паём тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро фаро гирифта, дар доираи иҷрои нишондиҳандаҳои он  бояд масъалаи таъмини саривақтии талаботи иқтисодиёт ба маблағгузорӣ, хусусан қарздиҳӣ ҳамеша дар меҳвари фаъолияти низоми молия ва бонкҳои мамлакат қарор дошта бошад. Зеро ҳар қадар, ки аз ҷониби бонкҳо ва  ташкилоти қарзӣ ба аҳолию субъектҳои хоҷагидор қарзҳои дастрас зиёд пешниҳод карда шаванд, суръати рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин  сатҳи зиндагии аҳолӣ беш аз пеш баланд мешавад».

Зимнан, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон  дар  Паёми навбатӣ ба Бонки миллӣ якҷо бо Вазорати молия, «Амонатбонк» ва «Саноатсодиротбонк» супориш доданд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намоянд.

Дар робита ба ин супориш аз ҷониби «Амонатбонк» иҷро шуд, ки ташкили  се иқдоми  қарзии нав аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Дар ҷаласа, ки дар он намояндагони Парлумон, роҳбарияту ҳайати кормандони  «Амонатбонк» ва  масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд, дар баробари тахлили вазъи ичрои нишондихандахои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин фаъолияти солонаи  ташкилоти ҳизбии «Амонат»-и Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» натиҷагирӣ карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *