«Иди атлас» дар Марғелон

Дар доираи ҷашнвораи байналмилалии «Иди атлас», ки рӯзҳои 19-22 сентябр дар шаҳри Марғелони вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон ба вуқӯъ мепайвандад, «Тренинги Осиёи Марказӣ оид ба ҳунарҳои мардумӣ, этнодизайн ва соҳибкорӣ» оғоз гардид.

Чорабиниро раиси Анҷумани ҷумҳуриявии «Ҳунарманд» Расул Мирзоаҳмадов, муовини ҳокими вилоят Хуршедҷон Аҳмадов, мутахассиси намояндагии ЮНЕСКО дар Ӯзбекистон Муҳайё Маҳмудова ва академик, доктори фанхои санъатшиносӣ,  профессор Акбар Ҳакимов бо сарсухан ифтитоҳ намуданд.

Дар тренинги якҳафтаина ҳудуди 40 нафар аз панҷ кишвари Осиёи Марказӣ-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

Ба ин иштирокчиён коршиносони маъруфи миллӣ ва байналмилалӣ, устодон ва дизайнерҳо роҳнамоӣ менамоянд. Онҳо дониш ва таҷрибаи ғании худро дар ин соҳа ба иштирокчиёни он мефаҳмонанд.

Мирасрор Аҳроров,

шаҳри Марғелон, вилояти Фарғона

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *