Идомаи қазияи Хоруғ. Ду тан аз ёрони Мамадбоқиров ба милитсия ҳозир шуданд

Ақназаров ва Шаъбонов, ду тан аз аъзои гуруҳи муташаккили ҷиноятии маҳаллаи Бархоруғи шаҳри Хоруғ ихтиёран бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ ба мақомот ҳозир шудаанд.

Раёсати ВКД дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 27-уми майи соли равон дар саҳифааш дар “Фейсбук” бо нашри як гузориши видеоӣ хабар дод, ки ду тан аз ёрони наздики Мамадбоқир Мамадбоқиров, маъруф ба Боқир ба таври ихтиёрӣ ба мақомот ҳозир шуда, худро таслим кардаанд.

Маркази матбуоти милитсияи Бадахшон гуфт, ки ин ду нафар бо худ миқдори бузурги силоҳу муҳимот, аз ҷумла 19 автомати Калашников ва як туфангчаи Макаровро низ ба мақомот супурдаанд.

РВКД гуфтааст, ки сокинони маҳаллаи Хоруғи боло (Бархоруғ) Ақназаров Ақназар Алиназарович, соли таваллудаш 1992, аз моҳи январи соли 2022 ва Шабонов Ҷамшед Шокирҷонович, соли таваллудаш 1984, аз моҳи майи соли 2021 барои ҷиноятҳое, чун ҳамла ба кормандони мақомот, авбошӣ ва мамониат ба адолати судӣ таҳти ҷустуҷӯ қарор дошта, вале дар пушти Боқир пинҳон шуда, аз ҳозир шудан ба мақомот саркашӣ мекарданд.

Милитсияи Бадахшон гуфт, ки ин ду нафар “дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ” худро ба мақомот супурдаанд. Дар гузориш онҳо аз кардаи худ изҳори пушаймонӣ карда, баёнот додаанд, ки Боқир онҳоро ба содир кардани ҷиноятҳо водор мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *