Идомаи моҷарои 90 кило тиллою долларҳо, сардори ШКД Ҷайҳун боздошт шуд

Боздошудаҳо шаҳодат додаанд, ки аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли гузашта “дар 36 маврид 1200 кило тилло ва 112 миллион долларро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Иморати Муттаҳидаи Араб бурдаанд.

Неъматулло Солеҳзода, сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун , бо иттиҳоми «суистифода аз мансаб» дастгир шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2020 ба ин мақом таъин шуда буд.
Вазорати корҳои дохилӣ хабари боздошти Солеҳзодаро расман тасдиқ ё рад накардааст, аммо тавре расонаҳо навиштаанд, прокуратура ва Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон хабарро таъйид намуданд.
Фармони боздошти Солеҳзода ӯ аз ҷониби Прокуратураи генералӣ пас аз тафтиши парвандаи кочоқи 90 кило тилло ва 15 миллион доллар сурат гирифтааст
Таври маълум, ноҳияи Ҷайҳун, ки Солеҳзода шуъбаи корҳои дохилиашро роҳбарӣ мекард, дар марз бо Афғонистон қарор дорад. Гузаргоҳи гумрукии “Панҷи Поён» низ дар ҳудуди ҳамин ноҳия аст.
Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфтааст, ки дар ин бора хабар надорад.
Тавре қабалн хабар дода шуда буд, Прокуратураи генералӣ моҳи ноябр як гурӯҳеро боздошт кард, ки талош доштанд, 90 кило тилло ва 15 миллион долларро ба Имороти Муттаҳидаи Араб интиқол диҳанд.
Он замон расонаҳои Афғонистон навиштанд, молҳои мусодирашуда дар Душанбе ба Мирзо Катавозай, муовини аввали Маҷлиси Намояндагони ин кишвар таалуқ доранд. Ин мақомдори Афғонистон, ки ҳоло мақомашро аз даст дод, дар охири моҳи феврал ҳангоми сафар ба Душанбе ин гуфтаҳоро рад карда буд.
Дар ин қазия то ҳол нуҳ нафар боздошт шуда буданд.
Тавре як манбаъ ба “Озодӣ” гуфтааст, боздоштшудаҳо шаҳодат додаанд, ки аз моҳи сентябр то моҳи ноябри соли гузашта “дар 36 маврид 1200 кило тилло ва 112 миллион долларро аз Афғонистон тавассути Тоҷикистон ба Иморати Муттаҳидаи Араб бурдаанд».
Ҳоло моҷаро сари ин тиллою долларҳо идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *