Идомаи тағйироти кадрӣ. Ном ба ном
21 январ дар ҳайати роҳбарикунандаи Суди олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи телевизион ва радио, агентиҳои хизмати давлатӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, хадамоти иҷро, макотиби олӣ тағироти кадрӣ сурат гирифт.
Инак, шуморо бо роҳбарони навтаъин шинос менамоем:
—Мирзозода Рустам Пираҳмад, раиси Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Раҷабзода Муродалӣ Раҷаб, муовини якуми раиси Кумитаидавлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фармондеҳи Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Холмаҳмадзода Солеҳа, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Саидзода Носир Озод, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Идрисзода Илёс Мумин, директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Ҳалимзода Абдураҳмон Достӣ, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Абдуллозода Аҳтам Рустам, сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Раҳматуллозода Сахидод Раҳматулло, раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин, директори Муассисаи давлатии Телевизиони Сафина”;
—Зокирзода Маҳмадёқуб Раҷабалӣ, муовини аввали директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Сафина”;
—Соҳибназари Муҳаммади Ғоиб, директори Муассисаи давлатии телевизиони “Ҷаҳоннамо”;
—Муҳиддинзода Нуриддин Давлаталӣ, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино;
—Иброҳимзода Амир Мудин, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов;
—Ҷурахонзода Сироҷиддин Шамсулло, ректори Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;
—Шарифзода Лутфия Шариф, сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
—Мализода Баҳром Ҳикмон, директори ҶСК «Пажуҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашию ҷустуҷӯйи САНИИОСП».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ