Ифтитоҳи бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон
26 июн бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯшон бинои замонавии Прокуратураи ноҳия мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бинои нави Прокуратураи ноҳияи Рӯшон сеошёна буда, аз 11 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона, таҳхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.



Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини кормандон бо ҷойи зист, дар ошёнаи сеюми бино 4 ҳуҷраи истиқоматӣ бунёд гардидааст.
“То имрӯз кормандони Прокуратураи ноҳияи Рӯшон дар иншооте фаъолият мекарданд, ки ба талаботи замон ҷавобгӯ набуд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ