Ифтитоҳи бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино (аксҳо)
Имрӯз, 5 декабр бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино мавриди истифода қарор гирифт.
“Ин иншоот, ки тарҳи муосир ва шароити мусоиди корӣ доранд, ба ташаккули самтҳои фаъолият дар мақомоти прокуратураи кишвар заминаи муассир мегузорад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Президенти кишвар.
Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ буда, истифода аз ин имконот ба таъмини ҳарчи бештари шароити корӣ мусоидат менамояд.
Маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, китобхона, толори машқу тамрин, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон раванди фаъолияти ин ниҳоди назоратиро мукаммал мегардонад.
Ҳамчунин, дар ин рӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода супорида, аз фаъолияти он шинос шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ