Ифтитоҳи бинои нави Суди Олӣ (аксҳо)

Имрӯз, 5-уми декабр дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар ифтитоҳи расмии он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва дигар роҳбарони мақомот ишттирок намуданд.

default

«Бинои Суди Олӣ аз 15 ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи қариб 185 миллион сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ бо сифати баланд ва бо риояи меъёрҳои сохтмонӣ анҷом дода шудааст»,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бинои нави Суди Олӣ дорои 171 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, 8 толори муҳокимаи судӣ, бойгонии парвандаҳои судӣ, ҳуҷраҳои қабули шаҳрвандон, ҷойи нигоҳдории судшавандаҳо, толор барои конфронсҳои матбуотӣ, китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, ҳамаи ҳуҷраҳо тибқи стандартҳои матлуб ҷиҳозонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *