Ифтитоҳи корхонаи азими саноатӣ дар Ванҷ
25 июн бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии Ҷамъияти Саҳомии Пӯшидаи “Мармар Стоун” мавриди истифода қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Президенти кишвар, корхонаи истеҳсоли калсит имконият дорад, дар як сол 40 ҳазор тонна маҳсулот истеҳсол намояд.
Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият менамояд. Он дар назди захираи бузурги санги мармари сафед, ки микрокалсит аз он омода мегардад, бунёд ёфтааст.
Тибқи озмоишҳои гузаронидашуда ин ашёи хоми маҳаллӣ сифати баланд дошта, ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.
“Дар корхона партовҳои санги мармари коркардшуда низ истифода мегардад, яъне раванди истеҳсолот дар ин ҷо бе партов ба роҳ монда шудааст, ки яке аз бартариятҳои ин коргоҳ дониста мешавад”,-хабар медиҳад манбаъ.






Коргоҳ дорои чор хатти истеҳсолӣ буда, навъҳои гуногуни микрокалсит истеҳсол менамояд. Бо истифода аз технологияи муосир дар корхонаи навтаъсис истеҳсоли микрокалсити аз 2 то 500 микрон ба роҳ монда шудааст.
Микрокалсит дар саноат ба таври васеъ ба кор бурда шуда, дар истеҳсоли бештар аз 90 фоизи таҷҳизоту дастгоҳ, масолеҳи сохтмониву ашёи рӯзгор, техникаи гуногун ва маҳсулоти кимиёвӣ истифода мегардад. Аз ҷумла, бо истифодаи хокаи калсит дару тирезаҳои пластикӣ, қубурҳои гуногунқутр, тамоми навъи чархи нақлиёт, масолеҳи ороишӣ, хамираи дандоншӯӣ, қоғаз ва рангу бори хона истеҳсол карда мешавад. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти мазкур дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ серхаридор аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ