Ифтитоҳи корхонаи “Оксус Интеразия” дар ноҳияи Данғара
16 май дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон корхонаи навбунёди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оксус Интеразия” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, корхонаи навбунёди саноатӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва техникаю таҷҳизоти беҳтарини аврупоӣ таъсис дода шудааст.
Фаъолияти он ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку бо технологияи рақами як дар ҷаҳон равона шудааст. Хаҷми сармоягузории коргоҳ дар ду марҳила 27 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи мазкур ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхонаи саноатӣ 15 намуди маҳсулоти тамоку истеҳсол гардида, иқтидори тавлидотии он 3 миллиард дона дар 1 солро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки корхона давоми як соли оянда бо иқтидори пуррааш ба кор медарояд.
Корхона дар масоҳати 2 гектар бунёд гардида, дар он 80 нафар бо кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки аз ин 70 фоизашро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ