Ифтитоҳи Марказҳои фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқи касабаи ВМКБ дар шаҳри Хоруғ


Имрӯз, 27 июн бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ иншооти навбунёди 6-ошёнаи Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоят ифтитоҳ гардид.
“Сохтмони иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ соли 2021 аз ҷониби 5 соҳибкори ватандӯст, оғоз гардида буд. Иншоот бо истифода аз масолеҳи сохтмонии ватанӣ дар масоҳати умумии 643 садяк замин бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир бунёд шудааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Иттилоъ дода шуд, ки Шурои иттифоқҳои касабаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки дар ошёнаи дуюми марказ ҷойгир аст, дорои 9 ҳуҷраи муосири корӣ ва толори маҷлисӣ бо 30 ҷойи нишаст мебошад.
Дар баробари 4 аъзои Шурои иттифоқҳои касабаи вилоят боз 20 корманди иттифоқҳои касабаи соҳавӣ, муассисаҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва бонкӣ, нақлиёт ва хоҷагии роҳҳо, фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сайёҳӣ, комплекси агросаноатии вилоят низ дар бинои навбунёд, бо шароити муосири корӣ, таъмин гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *