Ифтитоҳи Маркази омӯзиши забони кореягӣ дар ДМТ (аксҳо)
Дар пояи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази омӯзиши забони кореягӣ мавриди ифтитоҳ қарор дода шуд. Дар кушодашавии маркази омӯзишии забони кореягӣ ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С., сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик ширкат намуда, таъсиси чунин синфхонаро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои илмию таълимӣ, баргузории чорабиниҳои муштарак, эҷоди барномаҳои нави таълимӣ зарур донистанд.
Ҳадаф аз ифтитоҳи ин марказ омӯхтани забони кореягӣ ба шумор меравад, ки мувофиқ ба самти ихтисосҳои факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мебошад.



Зимни мулоқот ҷонибҳо Маркази омӯзиши забони кореягиро дар пояи донишгоҳ сайқал додани сатҳи забондонии ҷавонон, ҷустуҷӯйи имтиёзҳо ба донишҷӯёни донандаи забонҳои хориҷӣ, омӯзиши забони ҳамдигар ва омода намудани мутахассисони забондон, табодули устодону донишҷӯён, ҳамзамон, ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ пешниҳодҳои судманд баён намуданд.

Сафири Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷон Сонг Шик изҳор дошт, ки таъсис ёфтани маркази мазкур дар бонуфузтарин донишгоҳи Тоҷикистон падидаи хуб аст. Марказ ҷиҳати ҳамкориҳои илмию таълимӣ, имкони баргузории чорабиниҳои муштарак, эҷоди барномаҳои нави таълимӣ ва омӯзиши фарҳанг заабони ҳамдигар хизмат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ