Ифтитоҳи зеристгоҳи барқӣ ва 4 неругоҳи хурд дар Рӯшон
26 июн бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯшон зеристгоҳи барқии 110/35/10 киловолтаи Ҷангал ва тариқи маҷозӣ 4 неругоҳи барқии обии хурд ифтитоҳ ёфт.
“Сохтмони зеристгоҳ дар ноҳияи Рӯшон дар доираи омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз соли 2024 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар муддати кутоҳ ба охир расидааст”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Тибқи иттилои масъулин, зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ дар ноҳияи Рӯшон барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомашон 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст.


Зеристгоҳ дар масоҳати 6300 метри мураббаъ бунёд гардида, 2 хатти воридотии 110 киловолта, 4 хатти баромади 35 киловолта ва 4 хатти баромади 10 киловолта дорад. Зеристгоҳ ба таври фосилавӣ аз шаҳри Хоруғ идора карда мешавад.
Ин иншооти муҳим дар ноҳияи Рӯшон барои таъмини аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо неруи барқ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани иқтидори энергетикии кишвар сохта шудааст.
Зеристгоҳҳои нави бо таҷҳизоту технологияи муосир муҷаҳҳаз имкон медиҳанд, ки талафоти неруи барқ дар вақти сарбории шабакаҳои барқӣ ба миқдори 2,5 МВт (мегаватт) барқарор гардида, интиқоли боэътимоди неруи барқ ба минтақаҳои дорои талаботи афзоянда дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин карда шавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ