Сомон Эйр

Ифтитоҳи парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон (аудио)

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ифтитоҳи парвозҳо ба пойтахти Эрон — Теҳрон хабар медиҳад. Нахустин парвоз 31-уми январи соли 2023 анҷом дода мешавад.

Вақти парвоз аз Душанбе соати 14:30, аз Теҳрон соати 17:20 ба вақти маҳаллӣ буда, сафар аз Душанбе то Теҳрон 2 соату 50 дақиқа, дар самти муқобил 2 соату 20 дақиқа муқаррар гардидааст.

Тибқи ҷадвали омодашуда, аз 10-уми феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон ҳафтае як маротиба — рӯзҳои ҷумъа дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 сурат мегирад.

“Сомон Эйр” айни замон аз Тоҷикистон ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Араб, Туркия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон парвозҳои мунтазам анҷом медиҳад.

СУМАН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *